Дар фарҳанги эронӣ истиқлолу иззати нафс ҳамвора аз арзишҳои бунёдин будаанд ва Саъдии Шерозӣ, шоири пуровозаи эронӣ ва устоди сухану ахлоқ ин мафоҳимро дар қолаби ҳикоёту абёти ҷовдонааш ба зеботарин шакл баён кардааст. Яке аз барҷастатарин намунаҳо байти зер аз боби аввали Гулистон аст:
- Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад,
Миннати Ҳотами Тоӣ набарад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин байт дар поёни ҳикояте омада ки Саъдӣ дар он аз марде фақир, аммо бокаромат ёд мекунад. Марде, ки бо вуҷуди тангдастӣ, ҳозир набуд аз касе кумак бигирад ва бо кору талоши худ зиндагиашро мегардонд. Ӯ мегуфт: “Нони худ хӯрдану нишастан беҳ аз камари заррин бастану хидмати султон кардан”.
Саъдӣ бо ин ривоят, каромати инсониро болотар аз рифоҳи вобаста медонад.
Ишора ба Ҳотами Той, шахсияти таърихии араб ва намоди бахшандагӣ дар фарҳанги эрониву арабӣ дар ин байт, бори маъноии хосе дорад. Саъдӣ мегӯяд, ҳатто агар бахшандае бихоҳад чизе бубахшад, инсони мустақилу пурталош ниёзе ба он надораду каромати худро ҳифз мекунад.
Аз назари адабӣ ин байт аз Саъдӣ бо забони содаву оҳанге равон, яке аз пандҳои ахлоқии мондагор дар адабиёти форсӣ аст. Мазмуни он ситоиши талоши фардӣ, истиқлоли молӣ ва бениёзӣ аз миннати дигарон аст. Дар фарҳанги эронӣ ин байт ба сурати зарбулмасал низ роиҷ шуда ва дар гуфтори рӯзмарра барои таъкид бар худкифоӣ ва ҳифзи иззати нафс ба кор меравад.
Саъдӣ бо ҳамин содагӣ яке аз амиқтарин дарсҳои зиндагиро ба инсонҳо меомӯзад: ноне ки бо заҳмати худ ба даст омада, ширинтар аз ҳар бахшиши пурминнат аст.
Your Comment